Дар ҳолати аввал сокини 50-солаи ноҳияи Зафаробод, ки соли 2012 тибқи қисми 2 моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, боздошт гардид. Ӯ ба таҳдиди қатл гумонбар аст.

Тибқи маълумоти тафтишот, 19 ноябри соли 2025 тахминан соати 19:00, дар ҳолати мастӣ дар хонаи худ, мард бо ҳамсари 53-солааш ба низоъ даромада, бо истифода аз корди ошхона ба ӯ таҳдиди қатл ё расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ кардааст. Низоъро духтари 24-солаашон, ки бо онҳо зиндагӣ мекунад, пешгирӣ кардааст.

Ғайр аз ин, 7 апрели соли 2026 тахминан соати 19:00 гумонбар боз ба ҳамсараш таҳдиди қатл ё расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ карда, пас аз он бо дасту пой ба сару рӯяш зарбаҳои сершумор зада, ҷароҳоти ҷисмонӣ расонидааст.

Рӯзи дигар, 8 апрели соли 2026 тахминан соати 10:00, дар ҳолати мастӣ ба духтари 24-солааш занг зада, ба модараш таҳдид карда, гуфтааст: «Ба модарат бигӯ, ки дер ё зуд ӯро мекушам ва баъд ба зиндон меравам». Ҳамсар аз ин хабар гирифта, тарсидааст.

Нисбати мард тибқи қисми 1 моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.

Дар ҳолати дуюм кормандони милитсия сокини 28-солаи шаҳри Душанберо, ки қаблан тибқи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, ба гумонбари содир кардани ғоратгарӣ боздошт карданд.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 20 апрели соли 2026 тахминан соати 23:40 дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гумонбар, дар якҷоягӣ бо шиносаш Манучеҳр, нисбати сокини 47-солаи ноҳияи Қабодиён зӯроварӣ ба кор бурда, аз ҷайбаш 10 ҳазору 400 сомонӣ маблағро ошкоро дуздида, аз ҷои ҳодиса гурехтааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Запись В Таджикистане задержаны подозреваемые в угрозе убийством и грабеже впервые появилась Новости Таджикистана - Avesta.tj.