Чорабинӣ дар доираи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар кишвар ташкил карда шуд.

Дар семинар намояндагони сохторҳои асосии соҳа, аз ҷумла Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии назорати давлатии энергетика, ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли нерӯи барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ» иштирок намуданд.

Ба кор мутахассисони ширкати байналмилалии Best Run Solutions ҷалб карда шуданд.

Дар рафти семинар иштирокчиён бо таҷрибаи пешқадам ва роҳҳалҳои муосир дар як қатор самтҳо шинос шуданд. Аз ҷумла, системаҳои ERP ва роҳҳалҳои соҳавии SAP, аз ҷумла SAP IS-U, платформаҳои таҳлилӣ ва асбобҳои бизнес-таҳлил, роҳҳалҳои мобилӣ ва автоматӣ кардани равандҳои саҳроӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои ҳамгироӣ бо системаҳои баҳисобгирӣ ва диспетчерӣ, аз ҷумла SCADA ва АСКУЭ муҳокима шуданд.

Саботи Дар Душанбе рақамикунонии соҳаи энергетика баррасӣ шуд бори аввал дар Хабари Тоҷикистон - Avesta.tj пайдо шуд.