Дар сурати рад кардани кушодани дастгоҳ ва тафтиши он, тибқи моддаи 18.7 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия, шаҳрванд метавонад ба ҷарима аз 5000 то 7000 рубл ё ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз гирифтор шавад.

«Ин чораҳо ба мубориза бо экстремизм ва контрабанда равона шудаанд. Мақомоти сарҳадӣ ҳуқуқ доранд ашёи шахсии шаҳрвандонро ҳангоми убури сарҳад тафтиш кунанд ва рад кардани тафтиш метавонад ба оқибатҳои ҳуқуқӣ оварда расонад», — шарҳ доданд дар намояндагӣ.

Ба шаҳрвандоне, ки ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, тавсия дода мешавад, ки ин талаботро барои пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми убури сарҳад ба назар гиранд.

Қаблан Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба зарурати риояи талаботи қонунгузорӣ, марбут ба бақайдгирӣ ва ба мактаб ҷойгир кардани кӯдакон дар Русия, диққат дода буд.

Пас аз ворид шудан ба ин кишвар, ҳар кӯдак бояд дар мӯҳлати муқарраршуда (то 15 рӯзи корӣ) дар якҷоягӣ бо волидон ба ҳисоби муҳоҷиратӣ гузошта шавад. Барои ин ҳуҷҷатҳои кӯдак (шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд), корти муҳоҷиратӣ ва ҳуҷҷатҳои волидон, инчунин тасдиқи ҷои зист лозим аст. Кӯдакон дар ҳамон суроғае, ки волидон, ба қайд гирифта мешаванд. Ҳангоми иваз кардани ҷои зист, барои пешгирии ҷаримаҳо, бақайдгириро аз нав ба расмият даровардан лозим аст.