Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон 24 апрели соли 2026 дар қароргоҳи Иттиҳод баргузор шуд. Дар муҳокима намояндагони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳод ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ эродҳо ва пешниҳодҳои воридшуда аз ҷониби кишварҳо ба лоиҳаи ҳуҷҷат баррасӣ шуданд. Дар натиҷаи муҳокима коршиносон матни Барномаи комплексиро мувофиқа карда, қабул карданд, ки онро бо тартиби муқарраршуда ба Шӯрои иқтисодии ИДМ пешниҳод кунанд.

Қайд карда мешавад, ки лоиҳаи барнома бо мақсади татбиқи Консепсияи навсозии ташаккули бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати қувваи корӣ дар кишварҳои Иттиҳод таҳия мешавад.

Ҳадафи ин Консепсия дар рушди минбаъдаи ҳамкории давлатҳо дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, инчунин таҳияи равишҳои мувофиқашуда барои ташаккули бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ иборат аст.

Дар Консепсияи навшуда инчунин зарурати коркарди як қатор самтҳо таъкид шудааст. Аз ҷумла, сухан дар бораи огоҳ кардани шаҳрвандон дар бораи имкониятҳои кор дар дигар кишварҳои ИДМ, таъмини омодагии пешакии шахсоне, ки мехоҳанд ба кор раванд, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ-машваратӣ, пешниҳоди дастгирии моддӣ ва таъминоти иҷтимоӣ меравад.

Ғайр аз ин, ҳуҷҷат санҷиши шаҳрвандони ба кор равандаро аз рӯи манъи воридшавӣ ба кишвари кор ё ҷустуҷӯи байналмилалӣ, инчунин истифодаи механизмҳои мушаххаскунии биометриро пешбинӣ мекунад.

Запись Эксперты СНГ согласовали программу по общему рынку труда впервые появилась Новости Таджикистана - Avesta.tj.