Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба, дурнамои бонк, натиҷаҳои молиявӣ дар соли 2025, пардохтпазирӣ, иштирок дар музоядаҳои қоғазҳои қиматноки давлатӣ, рушди бозори асъор, афзоиши пешниҳоди қарз ба мизоҷон ва меъёрҳои макропруденсиалӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Алиҷон Салимзода иброз намуд, ки «Амонатбонк» яке аз бонкҳои низомсози мамлакат буда, дар баробари фаъолияти тиҷоратӣ ҳамчун институти молиявии давлатии мамлакат амаликунандаи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мэтю Гертнер ба фаъолияти молиявии «Амонатбонк» дар соли 2025 ва нақшаҳои минбаъдаи «Амонатбонк» барои соли 2026 баҳои баланд дода, барои ҳамкории судманд бо «Амонатбонк» дар дилхоҳ самти фаъолият, ки ба рушди иқтисоди миллӣ равона гардидааст, изҳори омодагӣ намуд.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бо инобати манфиатҳои тарафайн ҳамкории молиявии дуҷонибаро рушд хоҳанд дод.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»