Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар назар аст меҳмонон ва иштирокчиёни конфронс бо мавзеъҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Норак, Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ва фаъолияти боғҳои гелоси минтақа шинос шаванд.

Меҳмонони хориҷӣ дар доираи конфронс имкон пайдо мекунанд, ки бо зарфияти Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, агротуризм ва сайёҳии экологӣ маълумоти бештар пайдо намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 27 апрели соли 2025 Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  Чу Донгюй зимни сафар ба Тоҷикистон  бо зебоиҳо ва нақшу нигори Муассисаи давлатии «Кохи Наврӯз» ва фаъолияти хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор»–и шаҳри Ваҳдат шинос шуд. Ҳамчунин  дар ин рӯз аз  дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, ки барои ворид гардидан ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» пешниҳод шуда буд, дидан намуд.

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  аз ниҳодҳои муҳими байналмилалие мебошад, ки соли 1945 дар назди Созмони Милали Муттаҳид ба хотири мубориза бо гуруснагӣ ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъсис дода шудааст. Дар айни замон 194 давлати ҷаҳон аъзои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Рими Италия ҷойгир аст.

Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, рушди устувори кишоварзӣ ва мубодилаи таҷриба байни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказиро дар бар мегирад.

 АКС: АМИТ «Ховар»