Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд, зимни вохурӣ ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим табодули назар карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки дар фурсати наздик нишасти матбуотӣ доир ба раванди тадорукот ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» (ш. Душанбе, 25-28 майи 2026)-ро бо иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма ва коршиносони доираҳои илмию пажӯҳишгарӣ дар шаҳри Абузабӣ ташкил намоянд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ