Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, зимни вохӯрӣ аҳаммияти омӯзиши забони тоҷикӣ дар таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид.
Сафир омодагии намояндагии дипломатиро барои густариши ҳамкорӣ дар самти дастгирии раванди омӯзиши забони тоҷикӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ изҳор намуд.
Дар анҷом донишҷӯён аз бинои Сафорат боздид намуда, бо таърих ва мероси фарҳангии халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Манбаъ: khovar.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий