Иттилоъ дода шуд, ки кирмакпарварони ноҳия мақсад  доранд, ки аз ҳар қуттӣ кирмак аз 30 то 35 килограмм пилла истеҳсол намуда, дар пешрафти соҳа саҳм гузоранд.

Тавре намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳим Давлатов изҳор дошт, то имрӯз ба нуқтаи қабули пилла беш аз 1320 килограмм пилла супорида шуда, ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

Бо мақсади тақвият ва рушди соҳа дар ноҳия 57 гектар тутзор бунёд карда шудааст. Дар он беш аз 8 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шудааст, ки имрӯзҳо сабзиши хуб доранд.

Яке аз роҳҳои дигари баланд шудани ҳаҷми истеҳсоли пилла истифодаи тухмии хушсифат мебошад. Давоми солҳои охир кирмакпарварон аз навъи тухми чинӣ истифода мебаранд. Ин тухмӣ ба иқлиму шароит созгор буда, дар ҳолати нигоҳубини хуб  ва таъмини ғизои саривақтӣ имкон фароҳам меорад, ки сифату ҳосилнокии пилла баланд бардошта шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»