Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа, татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсии шаҳрвандон ва ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки дар пеш таҷлили бошукуҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин санаи муҳими таърихӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлол ва густариши корҳои созандагию ободонӣ аҳамияти хосса дорад.

Баъд аз вохӯрӣ намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳолати парвариши сабзавоти барвақтӣ дар деҳаи «Бофанда»-и Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол» шинос шуданд.

Кишоварзони деҳа бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва усулҳои муосири агротехникӣ ҳосили фаровон ба даст овардаанд, ки аз масъулиятшиносӣ ва меҳнати софдилонаи онҳо шаҳодат медиҳад.

Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки замин, бахусус қитъаҳои наздиҳавлигӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон