Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, бахусус дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои сиёсӣ ва парлумонӣ табодули назар карданд.

Ҳамчунин аҳаммияти густариши ҳамкорӣ дар доираи қолаби «С5+1» ва таҳкими тамосҳои байнипарлумонӣ таъкид гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон