Дар соли 2025 маротибаи аввал дар таърихи гузориш, ду ҳолати гуруснагии фалокатбор — дар Навори Ғазза ва қисматҳои Судон эълон гардида буданд. Мувофиқи низоми таснифоти марҳилаи амнияти озуқаворӣ (IPC), вазъият дар ин минтақаҳо дар марҳилаи баландтарин, яъне панҷум қарор доштааст.
Мувофиқи дараҷаи умумии қабулшуда, панҷ марҳилаи гуруснагии шадид вуҷуд дорад, ки марҳилаи сеюм таҳдид ба саломатӣ ва ҳаёт дошта, ба кӯмаки башардӯстона ниёз дорад. Даҳ кишвар — Афғонистон, Бангладеш, Ҷумҳурии Демократии Конго, Мянмар, Нигерия, Покистон, Судони Ҷанубӣ, Судон, Сурия ва Яман — ду -се ҳиссаи аҳолии умумиро ташкил медиҳанд, ки бо сатҳи баланди гуруснагии шадид рӯбарӯ ҳастанд.
Афғонистон, Судони Ҷанубӣ, Судон ва Яман бузургтарин буҳронҳои озуқавориро аз сар гузарониданд. Тибқи гузориш, дар соли 2025 дар маҷмӯъ 266 миллион нафар дар 47 кишвар/қаламрав сатҳи баланди ноамнии шадиди озуқавориро аз сар гузаронданд, ки тақрибан 23 фоизи аҳолии таҳлилшударо ташкил медиҳад. Ин тақрибан ду баробар аз таносуби сабтшуда дар соли 2016 аст. Норасоии шадиди ғизоӣ як мушкили ҷиддӣ ва афзоянда боқӣ мемонад. Дар гузориш гуфта мешавад, ки «танҳо дар соли 2025-ум 35,5 миллион кӯдак аз норасоии ғизо, аз ҷумла қариб 10 миллион кӯдак аз норасоии шадиди ғизо азият мекашидаанд».
АКС аз манбаъҳои боз
Манбаъ: khovar.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий