- В заповеднике 'Тигровая балка' устанавливают водопропускные трубы для улучшения циркуляции воды.
- Работы направлены на предотвращение накопления иловых отложений и подтоплений.
- Проводится регулярная очистка каналов и русел от ила.
- Мероприятия важны для сохранения экологического баланса заповедника.
- Состояние гидрологических объектов находится под постоянным контролем специалистов.
Тавре зикр мешавад, тадбирҳо ба беҳтар намудани ҳолати гидрологии ҳудуди мамнӯъгоҳ, таъмини гардиши муқаррарии об ва пешгирии ҷамъшавии таҳшинҳои лой равона шудаанд. Ғайр аз ин, корҳо ба ҳифзи тавозуни экологии минтақаи беназири табиӣ мусоидат мекунанд.
Дар мамнӯъгоҳ ҳамзамон тозакунии мунтазами каналҳо ва маҷроҳои обгузар аз лой ва дигар монеаҳо гузаронида мешавад. Ин барои таъмини ҷараёни озоди об, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии ҳудуд ва пешгирии эҳтимолии обхезӣ зарур аст.
Дар Кумита таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо барои нигоҳ доштани муҳити табиии мамнӯъгоҳ ва ҳифзи экосистемаи он аҳамияти муҳим доранд. Ҳолати объектҳои гидрологӣ зери назорати доимии мутахассисон қарор дорад ва корҳо оид ба барқарорсозӣ ва нигоҳдории онҳо мунтазам гузаронида мешаванд.
Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон» яке аз калидтарин ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиии кишвар ба шумор рафта, тадбирҳои андешидашаванда ба ҳифзи дарозмуддати он равона шудаанд.
Манбаъ: asiaplus.news
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий