- В Вашингтоне прошла встреча министров финансов и глав центробанков стран Кавказа и Центральной Азии в рамках весенних заседаний МВФ и Всемирного банка.
- Таджикистан представил информацию о состоянии экономики и ключевых направлениях политики.
- Достигнуты результаты в реализации Программы координации политики (PCI) МВФ: улучшение управления госфинансами, прозрачности, госдолга и структурных реформ.
- Проведены встречи с Всемирным банком, Международной организацией по миграции и Международной финансовой корпорацией.
- Обсуждались реформы в управлении госфинансами, бухучете, контроле госпредприятий, трудовая миграция, развитие транспортной инфраструктуры, ГЧП, МСБ, зеленой экономики и цифровой инфраструктуры.
Дар чорабинӣ, ки бо иштироки муовини директори иҷроияи ФБА Бо Ли баргузор шуд, вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуданд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҶТ.
Зикр мегардад, ки ҳайати тоҷик дар бораи вазъи кунунии иқтисоди миллӣ, инчунин самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ ва молиявӣ маълумот пешниҳод намуд.

Қайд карда шуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо ФБА, аз ҷумла дар татбиқи Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI), Тоҷикистон дар такмили идоракунии молияи давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият, беҳбуди идоракунии қарзи давлатӣ ва пешбурди ислоҳоти сохторӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар ҳошияи ҷаласаҳо Файзиддин Қаҳҳорзода инчунин бо роҳбари бахши институтҳои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ Адриан Фоззард вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои пешбурди ислоҳот, аз ҷумла такмили идоракунии молияи давлатӣ, ислоҳоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, инчунин тақвияти назорат аз фаъолияти корхонаҳои давлатиро баррасӣ карданд.

Ғайр аз ин, вохӯрӣ бо директори генералии Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират Эми Поуп баргузор гардид. Дар рафти гуфтушунид масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳимояи иҷтимоии муҳоҷирон ва васеъ намудани имкониятҳои шуғли расмӣ баррасӣ шуданд.
Диққати махсус ба ҷалби маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ барои омодасозии шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди марказҳои иттилоотӣ-машваратӣ ва тақвияти ҳимояи ҳуқуқӣ, аз ҷумла занони муҳоҷир равона карда шуд.
Инчунин вазири молияи Тоҷикистон бо ҳайати Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ таҳти роҳбарии директори минтақавӣ Саймон Эндрюс вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро баррасӣ карда, саҳми корпоратсияро дар рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси бозорҳои нав қайд намуданд.
Дар байни самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда рушди инфрасохтори нақлиётӣ, шарикии давлатӣ-хусусӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷорӣ намудани абзорҳои маблағгузорӣ бо асъори миллӣ, инчунин рушди иқтисоди «сабз», логистика ва инфрасохтори рақамӣ номбар шудаанд.
Гуфта мешавад, ки аллакай дар моҳи майи соли ҷорӣ ҳайати КБМ ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф меорад.
Манбаъ: asiaplus.news
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий